Аз саргирии парвозҳои Тоҷикистон ва Эрон баъд аз ду сол вақфа
Парвозҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз ду сол вақфа ба далели густариши вируси корона ба зуди аз сар гирифта мешавад.
Аз 20 марти соли 2020 Тоҷикистон бо ҳадафи пешгири аз густариши вируси корона ба таври комил тамоми фурудгоҳҳои худро баст.
Ба гузори радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Ожонси ҳавопаймоӣ Тоҷикистон имрӯз панҷшанбе эълом кард, теъдоди парвозҳое, ки қарор аст ба зуди ба сурати мустақим дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе аз сар гирифта шаванд ду парвоз дар ҳафта буд, ки тавассути шширкати ҳавопайпоӣ Эрон Эйр-и Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом медиҳад.
Ҳамчунин интизор меравад ширкати ҳавопаймоӣ Сомон Эйр-и Тоҷикистон низ дар ин масир парвоз дошта бошад.