Дар Доғистон барои макотиби муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгор меҷӯянд
(last modified Mon, 25 Apr 2022 04:35:57 GMT )
Апрел 25, 2022 09:35 Asia/Dushanbe
  • Дар Доғистон барои макотиби муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгор меҷӯянд

Довталабон имкон доранд, то 25 апрел ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кунанд.

Вазорати маориф ва илми Доғистон барои хоҳишмандони кор дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон озмун эълон кардааст. Омӯзгорон дар мактабҳое дарс мегӯянд, ки Русия дар Тоҷикистон бунёд намудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, маоши омӯзгорон 70 ҳазор рубл хоҳад буд.
"Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Доғистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои ишғоли ҷойҳои холии мактабҳои русӣ-тоҷикӣ эълон мекунад", - омадааст дар хабари вазорат.
Қаблан, дар Тоҷикистон барои муассисаҳои давлатии буҷавии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгорон ҷустуҷӯ намуда буданд. Вазорати маорифи кишвар дар пайи нашри эълон, талаботи асосӣ барои довталабонро низ зикр намуд.
Дар матни эълон зикр шудааст, ки довталабон бояд ҳатман забонҳои русӣ ва тоҷикиро хуб донанд ва ҳамчунин аз таърих ва фарҳанги Русияву Тоҷикистон низ бохабар бошанд.

Илова бар ин донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф зарур буда, аз уҳдаи истифода бурдани технологияи рақамӣ низ бояд бароянд.