Апрел 25, 2022 10:17 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши 22 дарсадии даромад ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро дар соли ҷорӣ пешбинӣ кардааст
    Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши 22 дарсадии даромад ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро дар соли ҷорӣ пешбинӣ кардааст

Устоди риштаи иқтисод ва коршиноси машҳури тоҷик муътақид аст, ки дар Тоҷикистон таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия эҳсос мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров гуфтааст, ки ин таъсир пеш аз ҳама дар вазъи иқтисодии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия қобили мушоҳида аст. Зеро фаъолиятҳои ин афрод коҳиш ёфтаву мизони маошу дастмузди онон камтар шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши 22 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро дар соли ҷорӣ пешбинӣ кардааст.

Аммо Бонки Рушди Осиё муътақид аст, ки ин шохис дар соли ҷорӣ ба 50 дарсад хоҳад расид.

Ҳамчунин қимати орду гандум тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон наздик ба 6 дарсад афзоиш ёфт, ки акнун қимати ҳар киса орди 50 килоӣ ба 330 сомонӣ расидааст. Ҳол он ки дар соли 2021 камтар аз 260 сомонӣ буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп