Афзоиши бардошти меваву сабзиҷот дар Тоҷикистон
Бардошти сабзӣ ва мева дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Ба гузориши “Ховар”, дар семоҳаи аввали имсол 3880 тон сабзиҷот ва 16 тон мева бардошт шуда, ки ин мизони нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2021, 1.2 дарсад сабзиҷот ва 6. 4 дарсад мева бештар аст.
Арзиши тавлиди нохолиси кишоварзӣ аз январ то марти 2022 ҳам 2195 ҳудуди миллион сомонӣ буда, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 9 дарсад (ба қиматҳои қобили муқоиса) афзоиш ёфт.
Аммо то аввали апрели 2022 теъдоди чорводориҳои Тоҷикистон 2.499 ҳазор сар эълом шуд, ки 95 ҳазор сар (раъс) 4 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.
Ҳамчунин 36727 тон гӯшт низ дар семоҳаи аввали соли 2022 тавлид шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 3. 5 дарсад афзоиш доштааст.
Тавлиди шир ҳам аз январ то марти 2022 ба 190582 тон расид, ки 0. 9 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли 2021 буд.