Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон
Мақомоти Тоҷикистон ва Ҷопон дар мавриди зарурати имзои тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои мухталифи ду кишвар табодули назар карданд.
Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Далери Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Шараф Шерализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Козофоми Ониши, шаҳрдори Комамотои Ҷопон дидор карданд.
Тарафайн дар ин мулоқот дар хусуси густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон ва зарурати бастани қарордоди бародаршаҳрӣ табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо яке аз аъзои Маҷлиси намояндагон ва собиқ додгустарии Ҷопон дидор кард.
Ду тараф дар мавриди раванди фароҳам кардани муқаддамоти дуюмин конфронси об дар шаҳри Душанбе баҳсу гуфтугӯ карданд.