Апрел 27, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони тоҷик барои кор ба Англия фиристода мешаванд

Англия омодаи ҷазби неруи кор аз Тоҷикистон аст.

Ба гузориши “Ховар”, Диёр Норматов, мудири Маркази мушовараи пеш аз сафари муҳоҷирони ҷӯёи кор дар шаҳри Душанбе гуфт: Дар соли ҷорӣ 500 шаҳрванди тоҷик барои кор ба Англия фиристода хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, 60 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли такмили ҳуҷҷатҳо ва дарёфти раводид барои сафар ба Англия ҳастанд.

Бар асоси гузориши идораи муҳоҷирати Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар марҳалаи аввал 200 шаҳрванд интихоб ва ҳуҷҷатҳои онҳо ба Сафорати Англия дар Тоҷикистон ирсол шуд. Сипас масъулони сафоратхона ба сурати бархат (онлайн) бо шаҳрвандон мусоҳиба ва 60 нафар аз онҳоро интихоб карданд.

Мудири Маркази мушовараи пеш аз сафари муҳоҷирони ҷӯёи кор дар шаҳри Душанбе тасаллут ба забони англисиро аз шароити аслии фиристодани шаҳрвандони тоҷик ба Англия эълом кард.

Ӯ хотирнишон кард, муддати қарордоди кор дар Англия шаш моҳ аст.

 

 

 

 

Барчасп