Озмӯни истихдомии ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон
Ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон барои истихдоми 600 нафар озмӯн баргузор мекунанд.
Ба гузориши сомонаи Авесто, Ҷӣ Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, намоишгоҳи муаррифии фурсатҳои шуғлии ширкатҳои чинӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъкид кард, дар соли 2021 мизони муомилоти тиҷории ду кишвар ба 1 миллиарду 700 миллиондоллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл афзоиши 73 дарсадиро нишон медиҳад.
Вай афзуд, ҳамчунин Чин соли гузашта 210 миллион доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Ба гуфтаи сафири Чин дар Душанбе дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, 400 ширкати чинӣ дар бахшҳои истихроҷи маодин, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, энержӣ ва саноат фаъолият мекунанд.