Ноябр 26, 2016 11:54 Asia/Dushanbe
  • Симмати ҷадиди духтари раисҷумҳури Тоҷикистон

Рухшона Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба симмати муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Рухшона Раҳмонова пас аз анҷоми маъмурияташ дар сафорати Тоҷикистон дар Биритониё фаъолият худро дар Вазорати умури хориҷии ин кишвар дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Рухшона Раҳмонова дар Раёсати созмонҳои байналмилалӣ муованати Идибик Қаландаров, раиси ин бахшро бар уҳда гирифтааст.

Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон масъули ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои созмонҳои хориҷӣ дар ин кишвар аст.

Пеш аз Рухшона Раҳмонова Озода Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар мақомҳои мухталифи ин вазорат кор карда буд. Ӯ аз 27-уми январи сол 2016 ба унвони раиси Дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд. Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон бошад, раиси Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст.

 Эмомалӣ Раҳмон 7 духтар ва 2 писар дорад.

 

Барчасп