Май 02, 2022 09:52 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди саиди Фитр дар Тоҷикистон

Мусулмонони Тоҷикистон соати 6 субҳи рӯзи душанбеи 2 майи соли ҷорӣ (2022) дар тамоми масоҷиди ин кишвар намози иди саиди Фитрро иқома карданд.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи давлатии дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон пас аз ду соли маҳдудиятҳое, ки ба далели густариши бемории Ковид - 19 эъмол шуда буд, имсол маросими иқомаи намози иди саиди Фитр бидуни маҳдудияти баргузор шуд.

Саидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе фарорасии рӯзи иди саиди Фитр дар ин кишварро ба мусулмонони Тоҷикистон табрик гуфт.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон дар мавриди идҳо, ҳамасола рӯзи иди Фитр дар ин кишвар таътили расмӣ аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани иди шукронаи Рамазон, иди саиди Фитрро ба ҳамаи мусулмонон дар Тоҷикистон табрик мегӯяд.

 

Барчасп