Иҷрои 70 дарсадии барномаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарби дар Тоҷикистон
Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон эълом кард, ки дар як моҳу се рӯзи оғози даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарби дар нерҳои мусаллаҳи ин кишвар, ин барнома 70 дарсад иҷроӣ шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, палковник Муҳаммд Ализода гуфта аст, ки 26 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба таври комил иҷро карданд.
Аз сӯи дигар дар Тоҷикистон қонуни бозхариди хизмати ҳарби низ иҷроӣ шуда аст.
Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҷавонон бари хизмат дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнун бар асоси қонуни нав довталабон метавонанд бо пардохти маблағи 26 ҳазору 880 сомонӣ дафтарчаи хизмати ҳарбиро дарёфт кунанд.
Ин афрод бо пардохт намудани ин маблағ ба ҳисоби Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас аз омӯзишҳои як моҳаи низомӣ ба унвони сарбози захираи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дафтарчаи хизмати ҳарбиро дарёфт мекунанд.
Афроди маъоф аз хизмат наметавонанд дар оянда дар ниҳодҳои интизомӣ ва дифоъӣ ва додгустари истихдом шаванд.
Бештар бихонед: