Путин солгарди пирӯзии артиши Шуравӣ бар Олмони натсистиро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт
(last modified 2022-05-08T16:18:20+00:00 )
Май 08, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Путин солгарди пирӯзии артиши Шуравӣ бар Олмони натсистиро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт
    Путин солгарди пирӯзии артиши Шуравӣ бар Олмони натсистиро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Русия фаро расидани ҳафтодуҳафтумин солгарди пирӯзии артиши Шуравии вақт бар Олмони натсистиро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Владимир Путин дар ин паём таъкид карда аст, ки зарурияти ҳифзи арзишҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум, интиқоли он ба насли ҷавон ва фадокориҳои мардуми Шуравӣ барои пирӯзии бар Олмони натсисти муҳим мебошад.

Вай муътақид аст, ки пешгири аз эҳёи дубораи тафакури натсистҳо вазифаи бисёр арзишманд мебошад, ки низомиёни Русия ба ин манзур саргарми мубориза дар Украина ҳастанд.

Бар асоси гузориши расми 300 ҳазор тоҷикистонӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум ширкат карданд, ки 100 ҳазор нафар аз онҳо ҷони худро аз даст доданд.

Ба 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон барои хадамот дар ҷанги ҷаҳонии дуввум медали ифтихор дода шуд ва 65 тан низ унвони қаҳрамони иттиҳодияи шуравиро касб карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими солгарди пирӯзии Шуравӣ бар Олмони натсисти дар ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки рӯзи 9 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад дар боғи пирӯзи дар шаҳри Душанбе ширкат хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон акнун 59 нафар аз куҳна сарбозони ҷанги ҷаҳонии дуввум боқи монданд, ки бар асоси фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар яке аз онҳо 1 ҳазору 200 доллар кумаки молӣ пардохт шуда аст.

 

Барчасп