Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Маскав бо намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангӣ
(last modified 2022-05-11T12:32:10+00:00 )
Май 11, 2022 17:32 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Маскав бо намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангӣ
    Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Маскав бо намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангӣ

Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо намояндаи вижаи Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангӣ, байналмиллалӣ дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Михаил Швидкой, намояндаи раиси ҷумҳурии ин кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмиллалӣ дидору гуфтугӯ кард ва раванди иҷрои барномаи руйдодҳои фарҳангии вижаи сиюминсолгарди барқарории равобити дипломатии байни Тоҷикистон ва Русияро барраси кард.

Сафири Тоҷикистон дар Русия ибрози умедвори кард, ҳамкориҳои фарҳангӣ дар бахшҳои ҳунарҳои намоишӣ ва мусиқӣ ва ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои ҳунари беш аз гузашта тақвият шавад.

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои фарҳангӣ байналмиллалӣ ҳам дар ин мулоқот ба таърих ва синини ғанӣ ва ҳамчунин аҳамияти ҳамкории байни Тоҷикистон ва Русия дар ҳавзаи фарҳангӣ ишора кард.

 

Барчасп