Лузуми густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи пизишкӣ
Раиси донишгоҳи улуми пизишкии Машҳади Эрон ва вазири тандурустии Тоҷикистон бар лузуми густариши ҳамкории ду ҷониба дар заминаи пизишкӣ таъкид карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Муҳаммадали Киёнӣ, раиси донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва Ҷамолддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ шуд.
Киёнӣ пас аз ин дидор гуфт: Иштирокоти зиёди забонӣ, фарҳангӣ ва тамадунии миёни Эрон ва Тоҷикистон фурсати бисёр арзишманди аст, ки битавонем дар мавориди ҳамчун гардишгарии саломат, табодули устодон ва донишҷуён, баргузории давраҳои тахассуси резидентӣ бо давраи такмили барои донишомӯхтагони улуми пизишкӣ, анҷоми тарҳҳои таҳқиқотии муштараки калон дар заминаи доруҳои гиёҳи дуҷониба ҳамкори кунем.
Раиси донишгоҳи улуми пизишкии Машҳади Эрон бо ишора ба дархост ва тамоюли тарафи тоҷикистонӣ ба дарёфти мушовираи телефонӣ дар мавзуъи ёрии таъҷили пеши бемористонӣ ва бемористони аз донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ибрози умедвори кард, бо таваҷуҳ ба зерсохтҳо ва зарфиятҳои болои донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад дар мавзуъи талаи медедсин ё пизишки аз роҳи дур битавонем заминаи ҳамкориҳои муносиб ва созандаи бештар бо кишвари Тоҷикистон фароҳам кунем.
Киёнӣ таъкид кард бо таваҷуҳ ба таъкидоти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси афзоиши иртибототи илмӣ ва омӯзишӣ бо Тоҷикистон ба манзури иҷроӣ шудани тавофуқоти ҳосила аз вазири тандурусутии Тоҷикистон даъват шуд то дар сафари оянда раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ишонро ҳамроҳи кунад.