Боздиди вазири рушди иқтисод ва тиҷоратии Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷ
(last modified Wed, 11 May 2022 16:10:35 GMT )
Май 11, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири рушди иқтисод ва тиҷоратии Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷ
    Боздиди вазири рушди иқтисод ва тиҷоратии Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷ

Вазири рушди иқтисод ва тиҷоратии Тоҷикистон аз ноҳияи Панҷ боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ин боздиди Завқӣ Завқизодаро Иброҳими Шукри, раиси минтақаи Бонки Рушди Исломии Тоҷикистон ҳамроҳ карданд.

Ҳадаф аз боздиди вазири иқтисоди Тоҷикистон ошноӣ бо иқдомоти иҷрошуда барои кам намудани асароти балоҳои табиъӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буд.

Ҳамчунин тарафайн дар ҳошияи боздид дар бораи густариши ҳамкории байни Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломтӣ баҳсу табодули назар карданд.

Бонки Рушди Исломӣ то кунун 86 тарҳ сармоягузори ба арзиши 641 миллион доллар дар Тоҷикистон иҷро карда аст ва дар ҳоли ҳозир 23 тарҳ ба арзиши 284.6 миллион долларро дар дасти иҷро дорад.

 

Бештар бихонед: