Май 14, 2022 09:55 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани гузаргоҳи марзии Бандари Шерхон миёни Тоҷикистону Афғонистон

Гузаргоҳи марзии бандари Шерхон миёни Тоҷикистону Афғонистон ба таври муваққат баста ва ҳаракати васоили нақлияи борӣ дар ин масир, мутаваққиф шудааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон дар ин маврид тавзеҳ надодаанд ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мегуяд, ки баррасӣ дар ин замина идома дорад.

Ин гузаргоҳ аз рӯзи 9 майи соли ҷорӣ дар пайи шиллики чанд мӯшак аз Афғонистон ба дохили хоки Тоҷикистон баста шудааст ва замони бозгушоии он маълум нест.

Қаблан Толибон таъкид карда буданд, ки ин мӯшакҳо тасодуфӣ ҳангоми даргирии онон бо гурӯҳи ДИИШ ва дар вилояти Тахор ба қаламрави Тоҷикистон бархӯрд кардааст.

Бандари Шерхон масири муҳимми иртиботии Тоҷикистон ба Афғонистон, Эрон ва Покистон барои интиқоли коло мебошад.

 

Барчасп