Май 15, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон,Сироҷиддини Муҳриддин ва Ҷеенбек Қулубоев дар ин дидор роҷеъ ба муносиботи ду кишвар ва зарурати аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизстон баҳс ва табодули назар карданд .
Ин нахустин дидори вазирони хориҷаи ду кишвар пас аз интисоби Ҷеенбек Қулубоев дар мақоми раиси ҷадиди дастгоҳи дипломатии Қирғизистон аст, ки дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе анҷом шуд .
Ин дар ҳоле аст, ки марзҳои заминии Тоҷикистону Қирғизистон аз як сол қабл дар паи даргирии марзбонони ду кишвар ҳамчунон баста аст .

 

Барчасп