Суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ
(last modified Tue, 17 May 2022 14:25:06 GMT )
Май 17, 2022 19:25 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ
    Суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба таҳдидоти эҳтимоли шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Маскав гуфт: Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бояд барои тавсеаи сенаряҳои мухталиф дар марзҳои ҷануб омода бошад.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Барои кишварҳои узви сомзон муҳим аст, ки талошҳои худро барои ҳифозат аз марзҳои хориҷӣ афзоиш диҳад.

Вай хотирнишон кард: Бастар ва созукорҳои қонунии мавҷуди созмон имкони иҷрои тамоми вазоифи таъиншударо фароҳам мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо баёни ин ки сомонаҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ  мудовим дар ҳоли тақвият шудан аст гуфт: Иқдомоти иҷорошуда имкони ҳифзи сатҳи боло аз омодагии размиро фароҳам мекунад.