Меҳмон Бахтӣ, шоир ва нависандаи эрондӯсти Тоҷикистон даргузашт
(last modified Fri, 20 May 2022 15:34:59 GMT )
Май 20, 2022 20:34 Asia/Dushanbe
  • Меҳмон Бахтӣ, шоир ва нависандаи эрондӯсти Тоҷикистон даргузашт

Меҳмон Бахтӣ, шоир ва нависандаи Тоҷикистон, ки мегуфт «Аз азал то ба абад қисмати ман Эрон аст!», дар синни 82 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Меҳмон Бахтӣ узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998) дирӯз панҷшанбе (19 май) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Меҳмон Бахтӣ дар соли 1940 мелодӣ дар ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) мутаваллид шудааст. Вай фориғуттаҳсили риштаи таърих ва забону адабиёти форсии тоҷикии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар соли 1963 милодӣ ва фориғуттаҳсили Донишкадаи адабии Горкийи Маскав дар 1975 мелодӣ буд.

Қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Се соати даҳшатбор", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин" ва маҷмӯаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", "Оҳанги хаёл" ва ...ро навиштааст.

Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд") низ ҳосили заҳматҳои ӯст.

Сарвар Бахтӣ, фарзанди устод Меҳмон Бахтӣ ҳам, ки аз дипломатҳои фарҳангии баландпояи Тоҷикистон аст, қариб 27 моҳ раёсати Муассисаи фарҳангии ЭКО -ро дар Теҳрон бар ӯҳда дошт, ки ба тозагӣ Эронро ба мақсади Душанбе тарк карда буд.