Май 25, 2022 13:35 Asia/Dushanbe
  • 100 миллион доллар арзиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Санкт - Петербург

Муовини масъули идораи ҳамкориҳои байналмилалии вилояти устони Санкт - Петербурги Русия эълом кард, соли 2021 арзиши муомилоти тиҷории минтақа бо Тоҷикистон ба 100 миллион доллар расид.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Арби Абубакров ин матлабро дар дидор бо Дилшод Шарифӣ, мудири идораи равобити хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар Душанбе унвон кард.

Дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Санкт - Петербург дар заминаи таъсиси корхонаҳои муштараки паркҳои илмӣ ва фанноварӣ дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия баррасӣ шуд.

Ҷониби Русия таъкид кардааст, ки ҳар сол ба 50 донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои муҳим бурсияи таҳсилӣ дар доншгоҳҳои Санкт - Петербург эъто мешавад.

Ҳазор донишҷӯи тоҷик дар доншгоҳҳои Санкт – Петербург таҳсил мекунанд.

 

Барчасп