Барқарории парвози мустақим байни Теҳрон-Душанбе
-
Барқарории парвози мустақим байни Теҳрон-Душанбе
Парвози Теҳрон-Душанбе ҳамзамон бо сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон барқарор шуд.
Ба гузориши Садо ва Симо, парвози Теҳрон-Душанбе, ки ҳафтагӣ аст аввалин парвози худро 19 июн анҷом хоҳад дод.
Эмомалӣ Рамҳон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.
Вазирони хориҷа, энергетика, иқтисод ва тиҷорат, захираҳои оби, раисони кумитаҳои рушди ҷаҳонгардӣ ва ҳифзи муҳити зист ва додситони кул Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин сафар ҳамроҳи карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба Теҳрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳурии Исломии дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин сафар ҳамчунин 17 санади ҳамкори дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гардишгарӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид.