Бозтоби густардаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон дар расонаҳои Тоҷикистон ва минтақа
Сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон дар расонаҳои ин кишвар ва Осиёи Маказӣ бо бозтоби густардае рӯ ба рӯ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳои Тоҷикистон ва минтақа зимни ахбор ва гузоришҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эронро ба таври густарда пӯшиш додааст.
Хабаргузории миллии Тоҷикистон - "Ховар" дар мавриди ин сафар ва дидору музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти олии Эрон ҳудуди 10 маврид хабару гузориш мунташир кардааст.
Дар гузориши марбут ба дидори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раҳбари инқилоби исломии Эрон омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии самимона изҳори сипос карда гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳомии идомаи гуфтугӯҳои созанда ва муассир дар сатҳи олии ду кишвар аст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша хоҳони тавсеаи рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар дар арсаҳои гуногун ва дар руҳияи ҳусни тафоҳум, мушорикат, ҳамёрӣ ва эҳтироми мутақобил аст.
Дар гузориши дигаре аз ин хабаргузорӣ мабнӣ бар дидори раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ва ҳамчунин музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар омадааст: Таҳким ва тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Эрон аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи вижаи сиёсати хориҷии Душанбе қарор дорад. Бинобар ин тақвияти гуфтугӯҳои созандаи сиёсӣ миёни ду давлат мубтанӣ бар ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтиром бо арзишҳои муштараки таърихӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин ишора шудааст, ки Тоҷикистон ва Эрон аз тавсеаи ҳамкориҳои парлумонӣ, фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ, густариши таомулоти дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳамлунақл, энергетика, саноат, илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ ҳимоят мекунанд, бинобар ин афзоиши фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ, таҳия ва тасвиби барномаи баландмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то соли 2030 ва эҷоди утоқи муштараки тиҷоратӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Эрон ва ҳамчунин шӯрои муштараки сармоягузорӣ зарурӣ аст.
Дар гузориши дигари ин хабаргузорӣ сохти туннели Истиқлол ва неругоҳи барқи обии Сангтуда-2 дар Тоҷикистон намунаи ошкори ҳамкориҳои хуб миёни ду кишвари дӯст унвон ва бар лузуми идомаи ин масир ишора шудааст.
Шоёни зикр аст, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, Сафина ва Ҷаҳоннамо гузориши комили ҳудуди 40 дақиқаи ҷараёни сафар, дидорҳо ва муҳтавои музокироти Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шуд, ки дар он борҳо аз Эрон ба унвони кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон ёд шудааст.
Радиои миллии Тоҷикистон дар канори пахши ахбори марбут ба ин сафар ҳамчунин се барномаи таҳлилӣ пахш карда, ба баррасии ҷанбаҳои мухталифи равобит миёни ду кишвар пардохтааст.
Дар барномаи таҳлилии "Тафсири рӯз" дар мавриди аҳамият ва натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон коршиносон изҳори назар карда ва ба ин нукта ишора доштанд, ки ду кишвар бо доштани иштирокоти бисёр фаровони таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ва ҳамчунин фурсатҳо ва чолишҳои муштарак маҳкум ба ҳамкори ва ҳамсӯӣ аст.
Ба бовари меҳмонони ин барнома сафарҳои анҷомшуда дар як соли ахир дар сатҳи мақомоти олии ду кишвар баёнгар аз вуҷуди иродаи қотеъ барои тағйири вазъияти равобит буда ва натиҷаҳои он на танҳо ба нафъи ду кишвар, балки ба нафъи тавсеа, субот ва амнияти минтақа низ хоҳад буд.
Меҳвари аслии барномаи таҳлилии "Иқтисод ва молия"-и ин радио баррасии ҷанбаҳо ва натоиҷи иқтисодии сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон буд ва меҳмонони барнома ибрози итминон карданд, ки Эрон бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои болои иқтисодии худ метавонад дар солҳои наздик ҳамонанди гузаштаи начандон дур дар ҷойгоҳи яке аз шарикони муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирад.
Нашрияи "Бозтоб" аз дигар барномаҳои ин радио аст, ки дар он низ ба таҳлили абъоди мухталифи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохта шудааст. Азҷумла бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии минтақа ва бахусус ҳузури гуруҳҳои мутаадиди террористӣ ва ифротӣ дар Афғонистон, оғози ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ байни ду кишвар иқдоми бамавқеъ ва роҳбурдӣ тавсиф шудааст.
Шоёни зикр аст, ки рузномаи давлатии "Ҷумҳурият" низ ба ин сафар таваҷҷуҳи хос нишон дод ва чандин хабар ва гузориш мунташир кардааст.
Хабаргузории "Азия Плюс", ки яке аз расонаҳои шинохташудаи ғайридавлатии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ аз кишвар аст, иқдом ба нашри чандин хабар ва гузориш дар мавриди натоиҷи дидорҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари инқилоби исломӣ, раисиҷумҳур, муовини аввали раисиҷумҳур ва раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ кардааст.
Ин расона ҳамчунин санадҳои ҷадиди ҳамкори дар ин сафарро муҳим дониста ва феҳрасти ин санадҳоро бар рӯи саифаи худ қарор додааст.
Дар матлаби "Азия Плюс" таҳти унвони таваҷҷуҳи Эмомалӣ Рамҳон ба истифода аз бандарҳои дарёии Эрон омадааст, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари худ ба Теҳрон нисбат ба дастрасӣ ба бандарҳои дарёии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аз ҷумла Чобаҳор ва БандарАббос ҷиҳати интиқоли коло ва маҳсулоти тавлидии Тоҷикистон таваҷҷуҳ нишон дод. Дар ин росто ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва мубодилоти бозаргонӣ ва ҳамчунин тавсеаи зерсохторӣ ва пайвастан ба шабакаҳои ҳамлу нақли ду кишвар таъкид шуд.
Дар ин гузориш ҳамчунин ба беҳбуди чашмгири таъомулоти иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар беш аз як соли ахир ишора ва ибрози умедворӣ шудааст, ки бо анҷоми сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд аз суръати беҳтару бештар бархурдор хоҳад шуд.
Сомонаи "Ойина" низ бо интишори аксу видео аз ҷараёни нишасти хабарии сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон ва дидору мулоқотҳои ҳайати тоҷикистониву эронӣ ҳангоми ин сафар пардохтаву ҳамкориҳои дифоиву низомиро баррасӣ кардааст ва назарҳои коршиносиро дар ин хусус матраҳ сохтааст.
Сомонаи Академи расонаҳои гуруҳии Тоҷикистон хабари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Эронро бо титри "Зиндабод дустии Тоҷикистон ва Эрон" мунташир карда аст, ки ҷолиб ба назар мерасад.
Зимнан пойгоҳҳои иттилоърасонии бештар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон низ ахбор ва гузоришҳои сафари Эмомалӣ Рамҳонро пушиш доданд, ки иқдоми бесобиқа дар равобит аст.
Аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон бештар сомонаҳои хабари ва таҳлили "Диялог, Авесто, Имрӯз, Ахбори Тоҷикистон, ва ҳамчунин радиоҳои "Азия Плюс", "Ватан", "Ховар", "Навои Радио" ва сомонаи "Спутники Тоҷикистон" ба таври фаъол ахбори ин сафарро бозтоб доданд.
Нуктаи шоёни зикр ин аст, ки бештари корбарони тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ба сурати бисёр густарда аз сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ҳимоят ва таъкид карданд, ки равобити содиқона дар шаъни ду миллат ва кишвари ҳамзабон аст ва дигар набояд маҷол дод то миёни ду бародар сардӣ ва беэътимодӣ эҷод шавад.
Корбарон дар тавсифи дустии Тоҷикистон ва Эрон аз иборатҳои монанди "ҳамхун, ҳамзабон, ҳамреша, ду бародар аз як падару модар" ва... истифода кардаанд.
Бархе ҳам эҳсоси гарми худро бо шиъорҳое монанди: "Пайванди ду миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабон пойдор ва ҷовидон бод!", "Поянда бод дӯстии Тоҷикистон ва Эрон", "Тапад бо ҳам, танад бо ҳам, дили тоҷику эронӣ", " Об агар садпора гардад боз ҳам ошност!", баён карданд.