Июн 09, 2022 10:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ҳалли ихтилофоти марзӣ
    Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ҳалли ихтилофоти марзӣ

Муъовини вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар зарурияти ҳалли ихтилофоти марзии ду кишвар аз роҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Содиқ Эмоми дар дидор бо Динора Камолова муъовини вазири хориҷаи Қирғизистон, ки барои ширкат дар дуввумин ҳамоиши байналмиллалии сатҳи олии об барои тавсеаи пойдор 2018-2028 дар Душанбе ба сар мебурд дар бораи дурнамоӣ ҳамкориҳои ду кишвар ва зарурияти идомаи музокирот барои аломатгузории марзи муштарак баҳсу табодули назар карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди омодагии мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзии 30 сола дар минтақаҳои мавриди ихтилоф, даргириҳо дар ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ҳамчунон идома дорад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки фақат бар сари аломатгузории 520 километр тавофуқ шуда аст.

 

Барчасп