Июн 09, 2022 10:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мизони захираҳои тиллои Тоҷикистон
    Эъломи мизони захираҳои тиллои Тоҷикистон

Мизони захираҳои тиллои Тоҷикистон эълом шуд.

Шӯрои ҷаҳонии тилло эълом кард, ки захираҳои тиллои Тоҷикистон 17 тоннаву 19 килограм ба арзиши 1 миллиарду 100 миллион доллар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик, ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бедуни зикри омори дақиқ гуфта буд дар солҳои ахир бо вуҷуди густариши вируси корона Тоҷикистон заираҳои тиллои худро афзоиш дода аст.

Дар Тоҷикистон мизони захираҳои тилло маҳрамона аст.

Тоҷикистонро ба лиҳози доштани захираҳои тилло дар ҷаҳон дар мақоми 67 қарор дод.

 

Барчасп