Супурдани ду зиндонии тоҷик ба мақомоти Тоҷикистон
Мақомоти қазоии Қирғизистон ду зиндонии тоҷикро ба мақомоти Тоҷикистон супурданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи АКИ пресс, Абдуррозиқ Абдулқаҳҳоров ва Аскар Юнусов-ду сокини ноҳияи Исфара, ки қаблан ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон аз сӯи додгоҳи ин кишвар нахуст ба зиндони абад ва баъдан дар пайи таҷдиди назар дар ин ҳукм ҳар як ба 20 соли зиндон маҳкум шудаандро ба мақомоти қазоии вилояти Суғд таҳвил додаанд .
Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми маҳкумияти ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро дубора баррасӣ хоҳад кард.
Марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз як сол аст, ки ҳамчунон баста боқӣ монда ва ду кишвар таи ин муддат иқдом ба боздошти теъдоди зиёде аз сокинони манотиқи марзӣ ба иттиҳоми гузари ғайримуҷоз кардаанд .
Соли 2021 аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон 39 табаъаи Қирғизистон ба иттиҳоми гузари ғайримуҷози марз ба зиндон маҳкум шудаанд .