Баррасии вазъияти муносиботи Русия ва Тоҷикистон
Ба муносибат сиюмин соли барқарории равобити дипламатии Русия ва Тоҷикистон вазъияти муносиботии дукишвар барраси шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин нишасти мақомоти сиёсӣ, коршиносон ва таҳлилгарони Русия ва Тоҷикистон дидгоҳи худро дар бораи сатҳи феълӣ ва дурнамоии муносиботи дукишвар иброз карданд.
Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт: Соли 2021 арзиши муомилоти тиҷории дукишвар ба 1 миллиарду 300 миллион доллар расид.
Вай афзӯд: Акнӯн Тоҷикистон бо 80 минтақаи Русия равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ дорад.
Сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор кард,30 ҳазор донишҷуи тоҷик дар марокизи донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва дар Душанбе низ 4 шӯъбаи донишгоҳҳои Русия фаъол аст.
Бештар бихонед: