2 миллиарду 735 миллион доллар арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли 2022
(last modified 2022-06-16T11:23:20+00:00 )
Июн 16, 2022 16:23 Asia/Dushanbe
  • 2 миллиарду 735 миллион доллар арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли 2022
    2 миллиарду 735 миллион доллар арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли 2022

Арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали имсол ба 2 миллиарду 735 миллион доллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тарози тиҷорати Тоҷикистон дар ин муддат манфи ва ҳудуди 1 миллиарду 39 миллион доллар буда аст.

Мизони воридот ҳам дар ин давраи замонӣ бо коҳиши 25 дарсади 283.3 миллион доллларӣ ба 848.2 миллион доллар расид, аммо содироти коло бо рушди 26.7 дарсади 398.4 миллион доллари беш аз 1 миллиарду 887 миллион доллар эълом шуд.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали имсол Русия, Қазоқистон ва Чин буданд, ки тиҷорати мутақобили Душанбе бо ин се кишвар ба тартиб 611.3 миллион 544.6 миллион ва 550 миллион доллар буда аст.

 

Барчасп