Эъломи иттиҳом алайҳи ду рӯзноманигори тоҷик дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i87346-Эъломи_иттиҳом_алайҳи_ду_рӯзноманигори_тоҷик_дар_Душанбе
Вакили мудофеи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз эъломи иттиҳом алайҳи онон хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 17, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иттиҳом алайҳи ду рӯзноманигори тоҷик дар Душанбе

Вакили мудофеи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз эъломи иттиҳом алайҳи онон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи нашрияи «Тоҷикистон», Абдураҳмон Шарифов гуфтааст, ки иттиҳоми Далери Имомалӣ фаъолияти ғайриқонунӣ дар бахши хусусӣ ва интишори хабари дурӯғу иттиҳоми Абдуллоҳ Ғурбатӣ истифода аз зӯр алайҳи корманди полис унвон шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки ин ду рӯзноманигор дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин ду нафар рӯзи 15 июни соли ҷорӣ ба додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъват ва боздошт шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ба ибтикори Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори мустақили тоҷик дар шабакаи Фейсбук бо муроҷиати расмӣ, аз ин ду рӯзноманигори боздоштшуда ҳимоят кард.