Июн 18, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
  • Поёни фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон расман эълом кард, ки ба фаъолияти гурӯҳҳои террористии созмонёфта дар ин минтақа батаври комил поён дода шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар баёнияи ин ситод таъкид шудааст, ки тайи амалиёти ҷустҷӯ тавасути маъмурони интизомӣ бо ҳамоҳангӣ ва тамоси наздик бо сокинон, тамомии 12 саркардаи гурӯҳҳои ҷиноии созмонёфта дастгир, зиндонӣ ва саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи оштинопизир кушта шуданд.

Дар натиҷаи фаъолиятҳои Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон дар як моҳи гузашта аз даҳ гурӯҳи ҷиноятӣ-террористии вилоят 16 адад пулемёти “Калашников”, 114 адад автомати “Калашников”, 4 адад силоҳи мерганӣ (СВД), 28 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи «ТТ», 2 адад тапончаи травматикӣ, 9 адад гранатомёт, 101 адад тири гранатомёт бо 6 адад заряд, 4 адад заряди РПГ, 22 адад гулулаи «ГРАД”, 2 адад миномёт, 19 адад гулулаи миномёт, 2 адад гулулаи гранатомёти зиддитанкӣ, 88 адад норинчаки дастӣ, 46 адад запали норинҷак, 2 адад “Карабин”, 64 адад силоҳи шикорӣ, 12 адад тарконаки барқӣ, 200 килограм таҷҳизоти тарканда, 22 ҳазору 718 адад тири гуногунқутр, 1 адад лентаи пулемёти “Калашников”, 1 адад тири ДШК, 330 адад тирдони АК ва таппонча, 5 кг 420  гр маводи таркандаи амонал, 2 адад сарпуши қути мили автомат, 5 адад дасгоҳи баркдиҳанда, 159 адад тири ВОГ-25, 15 адад найзакорд, 11 адад пенал, 12 дона минаи зиддипиёдагард, 29 кг хокаи алюминӣ барои омода намудани маводи тарканда, 11 кг 635 грамм тратил, 11 ҳазору 221 дона патрони гуногунқутр, 1 адад дастгоҳи оптикии банишонгириии тамғаи «Combat», 3 адад дастгоҳи дурбини тамғаи «Olympus» ва «Newcon», 245 адад маводи таркандаи худсохти “Коктейл Молотова”, 29 адад мухобира, 13 адад заряддиҳандаи алоқаи ратсия, 16 адад батареяи алоқаи мухобира, 11 адад радиостансия, 12 адад телефони моҳворавии «Сурайё», 2 адад қутии оҳанини «ПК», 12 адад ҷузвдони ҳарбӣ, 4 адад ҷузвдони снаряд, 21 адад камзули ҳарбӣ, 1 адад пояи Бусол, 200 кг маводи мухаддири навъи «афюни афғонӣ» мусодира карда шуд.

Дар ҷараёни ин амалиёти вижа дар маҷмӯъ 220 нафар боздошт ва алайҳи 53 нафар парвандаи кайфарӣ оғоз карда ва 16 нафар, ки муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, кушта шуданд.

Дар идомаи амалиёт гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ пурра аз байн бурда шуда, аз аъзоён ва саркардагони муташакили ҷиноӣ 39 воситаи нақлиёти гуногунтамғаи “Нисан”, “Лексус”, “Ранҷровер”, “Тойота кемри”, “Мерседес”, “БМВ” ва дигар мошини гаронарзиши сабукрав ва боркаши хориҷӣ мусодира карда шуд.

Масъалаи мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятӣ-террористӣ дар воқеъ мубориза барои наҷоти ҳувият,  ҳифзи асолати давлатдорӣ  ва ояндаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

 


 

Барчасп