Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон барои ҷуброни камбуди маводи ғизоӣ ва муқобила бо афзоиши нархҳо
(last modified 2022-06-18T05:16:44+00:00 )
Июн 18, 2022 10:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон барои ҷуброни камбуди маводи ғизоӣ ва муқобила бо афзоиши нархҳо

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати тадвини барномаи ҷуброни камбуди маводи ғизоӣ ва муқобила бо афзоиши нархҳо таъкид кард

Ба гузориши сомонаи иттилоچрасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сафари хеш ба вилояти Хатлон дар дидор бо масъулон ва намояндагони ин минтақа бо ишора ба буҳрони маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва афзоиши қимати сӯхти хостори тадвини барномаи коҳиши хисороти ин буҳрон шуд.

Вай таъкид кард, “аз ҷумла ба ҳолати 10 июни соли 2022 нархи нафт нисбат ба аввали сол 1,5 баробар, бензин 1,8 баробар, гази табиӣ 2,3 баробар, гандум 1,4 баробар, равғани растанӣ 1,3 баробар, шакар 7,2 фоиз ва биринҷ 12,4  фоиз афзоиш ёфтааст”. Дар ҳоле, ки вилояти Хатлон 58 дарсад аз кулли тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро таъмин мекунад, ҳанӯз ҳам аз зарфиятҳои ин минтақа барои афзоиши бардошти маҳсӯлот истифода нашудааст.

Дар ҳоле, ки аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон то ба ҳол 17 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ, иҷроӣ шуда ва 4 тарҳи дигар ба арзиши 1 миллиард сомонӣ дардасти иҷро мебошад.

Бештар бихонед:

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон барои тавлиди муштараки маводи ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Барчасп