Муаррифии барномаи тавлиди барқи сабз дар Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмиллалии иқтсодии Санкт-Петербург
(last modified 2022-06-20T15:05:21+00:00 )
Июн 20, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии барномаи тавлиди барқи сабз дар Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмиллалии иқтсодии Санкт-Петербург
    Муаррифии барномаи тавлиди барқи сабз дар Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмиллалии иқтсодии Санкт-Петербург

Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон барномаи тавлиди барқи сабз дар ин кишварро дар ҳамоиши байналмиллалии иқтисодии Санкт-Петербурги Русия муаррифи кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Далер Ҷумъа гуфт, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 21 миллиард киловат соат барқ тавлид шуд, ки 93 дарсади он саҳми нерӯгоҳи барқи обӣ мебошад, ки энергетикаи сабз ба ҳисоб меояд.

Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон дар идома афзуд: Зеро барқи тавлидшуда дар неругоҳҳои барқи оби комилан созгор бо муҳити зист ва арзонқимат мебошад, ки истифода аз нефт ва газ ва ангиштсанг пешгири мекунад ва хатари барои муҳити зист надорад.

Вай ҳамчунин аз барномаи давлати Тоҷикистон барои афзоиши тавлиди барқ тавассути неругоҳҳои хуршеди ва боди хабар дод гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон заминаи тавлиди 527 миллиард киловат соат барқ дар сол вуҷуд дорад, ки акнун танҳо 5 дарсад аз ин зарфият мавриди истифода қарор гирифта аст.

 

Барчасп