Дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суръат бахшидан дар иҷрои барномаҳои тавсеа дар вилояти Бадахшон
(last modified 2022-06-22T05:53:03+00:00 )
Июн 22, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суръат бахшидан дар иҷрои барномаҳои тавсеа дар вилояти Бадахшон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоде аз вазирон дастур дод, барномаи фаврии рушди иқтисодӣ ва иҷтмоии вилояти Бадахшонро таҳия ва иҷро  кунанд.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Эмомалӣ Раҳмон дар нишаст бо вазирон ва масъулони созмонҳои давлатӣ гуфт, пас аз барқарории назму амният дар вилояти Бадахшон акнун Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муваззаф ба бозсозии масирҳои иртиботӣ бо Чин дар қаламрави вилояти Бадахшон аст.

Вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон низ тайи 10 рӯз бо сафар ба вилояти Бадахшон бояд тарҳи эҳдоси корхонаҳои хурд ва паркҳои илмӣ ва фанновариро тадвин ва ироа кунад.

Бар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам мактабҳои вилояти Бадахшонро бо васоили омӯзишӣ таҷҳиз мекунад.

Ҳамчунин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ҳам муваззаф ба таъмини базри марғуб барои бахши кишоварзии Бадахшон шуданд.

 

Барчасп