Июн 25, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби шаҳрвандони тоҷик дар яке аз ширкатҳои тавлиди атри Дубай

Яке аз ширкатҳои тавлиди атр дар Дубай омодагии худро барои истихдоми шаҳрвандони Тоҷикистон эълом кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ин масъала дар дидори Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо матраҳ шуд.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд.

Таъкид шудааст, яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад.

Инчунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин дидор масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Барчасп