Июл 03, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Тошканд, Душанбе ва Бишкек арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои истиқомати хориҷиҳо
    Тошканд, Душанбе ва Бишкек арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои истиқомати хориҷиҳо

Дар рутбабанди арзонтарин шаҳрҳо барои зиндагӣ аз пойтахтҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се кишвари Осиёи Марказӣ ба унвони арзонтарин шаҳрҳо барои зиндагӣ мутахассисони хориҷи ёд шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, шаҳрҳои Тошканд, Душанбе ва Бишкек аз ҷумлаи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагии мутахассисони хориҷи унвон шуданд.

Дар маҷмуъ дар феҳрасти рутбабанди арзонтарин шаҳрҳо барои зинадгӣ номи 227 шаҳр зикр шуда аст дар ин феҳраст шаҳрҳо аз қиматтарин то арзонтарин табақабанди шуданд.

Алҷазира, Тунис, Истанбул, Карчи, Исломобод, Алмато рутбаи 219 Тошканд 221 Душанбе 225 ва Бишкек 226 аз ҷумла 10 шаҳри арзон барои зиндагии хориҷиҳо аст.

Номи шаҳрҳои Тел-Авив, Нию-Йорк, Сангопур, Токё ва Пекан низ дар листи даҳгонаи қиматтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зинадгии хориҷи таъйин шуда аст.

Бар асоси ин рутбабанди Хонгкон қиматтарин ва Анкара арзонтарин шаҳр барои зиндагии хориҷиҳо шинохта шуда аст.

Рутбабандии қиматтарин ва арзонтарин шаҳрҳо барои муҳоҷират ва зиндагӣ ҳамасола таҳия ва мунташир мешавад. Танҳо дар соли 2021 ва он ҳам ба делели густариши бемории корона таҳия нашуда аст.

Шаҳрҳо бар асоси арзиши беш аз 200 навъ коло ва хадамот аз ҷумла иҷораи хона, ҳамлу нақли умумӣ, ғизо, пушок ва саргарми арзёби мешаванд.

 

Барчасп