Судури ҳукми зиндон барои шаҳрванди Тоҷикистон
Июл 06, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
Як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба далели интиқоли пул ба ДИИШ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба гузориши “Азия Плюс”, додгоҳи минтақаи ҷануби Русия Файзалӣ Ҳалимхонови аҳли Тоҷикистонро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ӯ бар асоси моддаи 205. 1 қонуни ҷазоии Русия (ҳимоят аз фаъолиятҳои террористӣ) муҷрим шинохта шуд.
Додгоҳ эълом кард, Ҳалимхонов дар Волгоград се ҳазор рубл ба корти бонкие, ки иттилооти он тавассути яке аз аъзои ДИИШ ба ӯ дода шуда буд, мунтақил кард.
Барчасп