Июл 06, 2022 12:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Узбакистон барои тасбити авзоъ дар Қарақалпоқистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои узбакистонии худ аз иқдомоти вай барои тасбити авзоъ дар Ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон ҳимоят кард.

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар тамоси телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ масоили муҳим дар равобити Тоҷикистону Узбакистон дар чаҳорчӯби тавофуқоти ҳосилшудаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд баҳсу баррасӣ шуд.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Узбакистон ҳамчунин дар хусуси масоили амнияти минтақаӣ ва таомулоти ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳимояти худ аз талошҳои раҳбарии Узбакистон барои тасбити авзоъ дар Қарақалпоқистонро эълом кард.

 

Барчасп