Июл 12, 2022 10:49 Asia/Dushanbe

Консерти " Шаби Дустӣ" тавассути гурӯҳи Давлатманд Холов дар толори Ваҳдат, шаби гузашта ба рӯи саҳна рафт.

Ба гузориши  Садои Хуросон, дар консерт " Шаби Дустӣ" дар толори Ваҳдат қатаъоти чун  "Шоҳ паноҳам бидеҳ" " Хуни Худо" " Ҳилат раҳо кун ошиқо" бо ашъори аз Мавлоно, Ҳофиз, шоирони тоҷик ва.. иҷро шуд.

Гурӯҳи ҳунармандони Тоҷикистон ба сарпарастӣ ва хонандагии Давлатманд Холов  ҳунарманди пешгом ва матраҳи мусиқии Тоҷикистон дар аввалин давр аз маҷмуъпаи консертҳои худ, ки таи рӯзҳои пешрӯ дар толори Ваҳдат Теҳрон ва бурҷи Мелод пеш рӯи мухотабон қарор мегирад, шаби бошукӯҳеро бо хониши осоре аз шоирони барҷастаи кишварамон барои мухотабон рақам зад.

Давлатманд Холов  хонанда ва навозандаи сетор ва думра, Лоиқшоҳ Холов хонанда ва навозандаи  камонча,  Сангинмад Холов навозандаи тунбак, Ҳотами Фаридунӣ навозандаи тунбак ва даф, Дониёр Холов навозандаи  най, Нуруллоҳ Баротов навозандаи дутор, Рӯзимад Холов  навозандаи рубоб ва Муҳаммадалӣ Машрабов навозандаи қонунии ин консерт ҳастанд.

Барчасп