Декабр 01, 2016 16:40 Asia/Dushanbe
  • Талоши чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон барои тарконидани биноҳои пулису амният

Чаҳор тан аз сокинони вилояти Хатлон ба иттиҳоми талош барои тарконидани сохтмони пулису амният ва теъдоде аз биноҳои таърихӣ дар ноҳияи Хуросон маҳкум шуданд.

Ба гузориши сойти «Топ ТҶ», додгоҳи вилояти Хатлон Беҳрӯз Файзалиев, Муҳаммадсаид Забиров, Сангалӣ Ёрназаров, сокинони ноҳияи Хуросон ва Раҷаб Умаров, сокини шаҳри Кӯлобро ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ ва зархаридӣ маҳкум ба 12 то 15 соли зиндон кард.

Сайфуддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон дар ин бора гуфт, ки дар ҷараёни додгоҳӣ ин чаҳор нафар гуноҳи худро эътироф карданд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз бозпурсӣ маълум шуд, ки онҳо ҳатто қасди тарконидани чанд осори таърихию муҷассама, аз ҷумла муҷассамаи Ленин дар шаҳри Кӯлобро низ доштаанд. Ба гуфтаи Сайфуддин Муҳиддинзода, ин амалиётҳои террористӣ дар вилояти Самараи Русия тарҳрезӣ шуда буд, ки муттаҳамон барои кор ба он ҷо рафта будаанд.

Гуфта мешавад, тарроҳони ин амалиёти террористӣ аъзои ДИИШ дар Русия будаанд ва муттаҳамон эътироф кардаанд, ки қарор буд, ба хотири ин амалашон 800 ҳазор рубл дарёфт кунанд.

Ин дувумин амалиёти террористӣ дар хоки Тоҷикистон аст, ки имсол дар додгоҳи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар моҳи феврали имсол низ Шаҳриёр Тӯрахонов, сокини ноҳияи Панҷ, ки ба дастури гурӯҳи Толибон қасди тарконидани Театри «Опера ва балет»-ро дошт, дар додгоҳи вилояти Хатлон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.