Гармои бесобиқа тайи 78 соли ахир дар Тоҷикистон
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, тайи рӯзҳои 18 то 20 июли соли ҷорӣ дар ин кишвар шиддати гармо ба 47 дараҷа хоҳад расид, ки дар 78 соли ахир бесобиқа мебошад.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, ҳарорати 47 дараҷаии гармо дар 10 навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Панҷ, Бешканд, Шаҳритӯс ва Фархор, ки дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ шудаанд, мушоҳида хоҳад шуд.
Дар баёнияи идораи ҳавошиносии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки шиддати гармо муҷиби об шудани пиряхҳои табиӣ ва боло омадани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ хоҳад шуд, ки барои манотиқи соҳилӣ хатарсоз хоҳад буд.
Ҳамчунин аз сокинони Тоҷикистон дархост шудааст, ки байни соатҳои 11 зуҳр то 17 аср бидуни зарурат дар авҷи шиддати гармо аз хонаҳои хеш хориҷ нашаванд.
Бештар бихонед: