Июл 19, 2022 17:08 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бо кумаки Чин корхонаҳои тавлиди равғани моеъро фаъол мекунад
    Тоҷикистон бо кумаки Чин корхонаҳои тавлиди равғани моеъро фаъол мекунад

Вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки барои коҳиши воридоти равғани моеъ қасд дорад корхонаҳои даврони шуравиро бо кумаки мутаъассисони чинӣ будора фаъол созад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шерали Кабиров гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 80 дарсад аз равғани моеъи мавриди ниёзи худро аз хориҷ ворид месозад, ки ба далели буҳрони Украина дар ин замина мушкилоти зиёди эҷод шуда аст.

Вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон таъкид кард, ки бо масъулони чанд ширкати чинӣ дидор кард ва тарҳи фаъолсозии корхонаҳои тавлиди равған дар даврони шуравӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Конибодом ва Душанберо мавриди барраси қарор дода аст.

Ин марказҳои тавлид дар ҳоли ҳозир фаъол нестанд ин дар ҳоле аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна пахта тавлид мешавад, ки дар сурати фароварии ин маҳсул дар дохили кишвар заминаи тавлди 60 ҳазор тонна равғани пахта вуҷуд хоҳад дошт.

Дар соли 2021 Тоҷикистон 123 ҳазор тонна равғани моеъ ба арзиши 148 миллион доллар ворид кард.

 

Барчасп