Июл 20, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши давандаи тоҷик дар мусобиқаи байналмиллалӣ

Давандаи тоҷик барои аввалин бор дар таърихи варзиши Тоҷикистон ба марҳилаи гуруҳи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Элдор Аҳмадов-варзишкори тоҷикистонӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии дави майдонӣ дар Юҷин ( иёлоти Орегон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо натиҷаи 10 соъату 66 дақиқа бо муваффақият ба марҳилаи гуруҳии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт .
Аммо ӯ дар марҳилаи гуруҳӣ бо касби натиҷаи 109 соъату 85 дақиқа натавонист ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз амалкарди ин варзишкор қадрдонӣ кард.
Бар асоси эъломи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурии Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон як давандаи тоҷикистонӣ дар дави 100 метр ба марҳилаи гуруҳии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
 

 

Барчасп