Мулоқоти мақоми тоҷик бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бо сафири Ҷопон дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар мулоқоти Хайриддин Усмонзода бо Тосихиро Аики роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ байни марокизи фикрии Тоҷикистону Ҷопон баргузории ҳамоишҳои илмӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии Тоҷикистону Ҷопон баҳсу баррасӣ шуд .
Дар ин нишаст Хайриддини Усмонзода зимни ироаи иттилооти мухтасар аз меҳварҳои аслии фаъолияти ин марказ гуфт : Афзоиши иртиботи илмӣ ва пажӯҳишӣ бо марокизи фикрии соири кишварҳо аз авлавиятҳои аслии фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатии Тоҷикистон аст .
Тосихиро Аики, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон низ гуфт : Тарафи ҷопонӣ омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барои тавсеъаи равобити илмӣ ва пажӯҳишӣ бо Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон барқарор кунад.