Сохти корхонаи тавлиди зарфҳои чинӣ дар ноҳияи Турсунзода
Корхонаи тавлиди зарфҳои чинӣ дар ноҳияи Турсунзода сохта мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс , ин воҳиди саноъатӣ ба муносибати номгузории солҳои 2022 - 2026 бо унвони тавсеъаи саноъатӣ сохта хоҳад шуд .
Қарор аст ба ҳамин муносибат 23 воҳиди саноъатӣ дар Турсунзода сохта шавад .
Парвиз Акрамзода-раиси ноҳияи Турсунзода гуфт : " Масъӯлони ширкати маҳаллии “Амонҷон” тасмим гирифтанд корхонаи тавлиди зарфҳои чиниро дар ноҳия бисозанд " .
Вай гуфт : Мудирони ширкати Амонҷон бо такия бар таҷрубаҳои гузашта ва илми мутахассисон тасмим ба сохти корхона гирифтанд .
Раиси ноҳияи Турсунзода изҳор кард,ки дар ҳоли ҳозир зерсохтҳову коргоҳҳои аслӣ дар ҳоли бунёд аст ва пас аз итмоми сохт насби таҷҳизот оғоз мешавад .
Ба гуфтаи Парвиз Акрамзода маҳсӯлоти корхона аз тамоми стандартҳои байналмиллалӣ бархурдор хоҳанд буд .
Вай ҳамчунин гуфт : Дар шаш моҳи соли ҷорӣ арзиши тавлидоти саноъатии ноҳияи Турсунзода 485.8 миллион сомонӣ буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 75 миллион сомонӣ муодили 18.2 дарсад афзоиш доштааст .