Афзоиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон
(last modified Sun, 24 Jul 2022 04:31:03 GMT )
Июл 24, 2022 09:31 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон

Раиси хадамоти давлатии Гумруки Тоҷикистон аз афзоиши муомилоти тиҷорӣ бо Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Тоҷикистон, Хуршед Каримзода гуфт : Таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ арзиши муомилоти тиҷории ду кишвар ба 40 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи сол қабл 6 миллион доллар афзоиш доштааст .
Вай афзуд : Аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқ, семент,ангиштсанг ва маҳсулоти кишоварзӣ содир мешавад.
Аммо Садриддин Муродов-корманди Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мегуяд ҳукумати кишвараш бо Толибон ҳамкорӣ надорад ва рушди муъомилоти тиҷории ду кишвар натиҷаи фаъолияти бозаргонони тоҷик ва афғон аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон ба Афғонистон таи ҳар шабонарӯз 9 миллион киловатт-соъат барқ содир мекунад.