Июл 26, 2022 19:24 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон ва Покистон муштариёни ангиштсанги Тоҷикистон
    Афғонистон ва Покистон муштариёни ангиштсанги Тоҷикистон

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта содироти ангиштсанг ба хориҷро ба сурати чашмгир афзоиш дода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс дар моҳи июли соли 2022 Тоҷикистон 279 ҳазор тонна ангиштсанг содир кард, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 15 баробар бештар аст.

Дар ин маврид Шерали Кабир, вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти матбуъоти гуфт: Дар 6 моҳи аввали соли 2021 ин шохис 19 ҳазор тонна баровур шуда буд.

Бино ба гузориши Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон содироти маҳсулоти саноатии ин кишвар дар моҳҳои январ-июли имсол 887 миллион долларро ташкил дода аст.

Дар даври музокироти Тоҷикистон ба таври вижа 677 ҳазор тонна семент, 49.9 ҳазор тонна пахтава 279 ҳазор тонна ангишсанг ба хориҷ содир карда аст.

Кишварҳои асосии хариди ангиштсанги Тоҷикистон дар ин давра Афғонистон бо 183 ҳазору 711 тонна ва Покистон бо 93 ҳзаору 99 тонна ба шумор мераванд.

 

Барчасп