Сармоягузории бахши хусусии Узбакистон дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 30 Jul 2022 06:16:13 GMT )
Июл 30, 2022 11:16 Asia/Dushanbe
  • Ноҳия Ашти Торҷикистон ба шаҳри меваҳои хушк ба вижа зардолу дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Аврупо шуҳрат дорад
    Ноҳия Ашти Торҷикистон ба шаҳри меваҳои хушк ба вижа зардолу дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Аврупо шуҳрат дорад

Мақомоти ноҳия Ашт дар вилояти Суғд аз азми бахши хусуии Тоҷикистон барои зеркишт қарор додани 20 ҳазор ҳектор замин хабар доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шуҳрати Муҳаммадзода раиси  ноҳияи Ашт гуфт дар  сафари фаъолони бахши хусусии Узбакистон ба раёсатии  Зиёуддин Ёрмуҳаммадов тафоҳумномаи зеркишт қарор додани 20 ҳектор замин  имзо шуд.

Вай таъкид кард ба далели мусоид будани заминҳои ноҳияи Ашт барои боғ тавофуқ шуд, ки сармоягузорони узбакистонӣ дар ин минтақа дарахти зардолу бикоранд.

Ҳамчунин аз сӯйи сармоягузорони Узбакистон сохти шаҳраки санъатӣ барои фароварии маҳсулоти кишоварзӣ дар масоҳати 30 ҳектор дар нозҳияи Ашт барномарези шудааст.

Ноҳия Ашти Торҷикистон ба шаҳри меваҳои хушк ба вижа зардолу дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Аврупо шуҳрат дорад.