Ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба нафъи шаҳрванди Тоҷикистон
Декабр 03, 2016 10:28 Asia/Dushanbe
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Маскавро ба пардохти 10 ҳазор евро ҳамчун товони зарар ба як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамсараш маҳкум кард.
Ҳукумати Русия Тӯйчӣ Ҷӯраев, шаҳрванди Тоҷикистонро дар моҳи майи соли 2013 ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ аз вуруд ба Русия манъ карда буд. Ин дар ҳолест, ки ҳамсари Ҷӯраев, шаҳрванди Русия ва сокини вилояти Перми ин кишвар будааст.
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо эълом кардааст, ки Русия бояд барои эҷоди мамнӯияти бедалел дар робита ба вуруди Ҷӯраев ва нақзи ҳуқуқ шахсию оилавии ӯ товон бипардозад.
Барчасп