Ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба нафъи шаҳрванди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8929-Ҳукми_Додгоҳи_ҳуқуқи_башари_Аврупо_ба_нафъи_шаҳрванди_Тоҷикистон
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Маскавро ба пардохти 10 ҳазор евро ҳамчун товони зарар ба як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамсараш маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 03, 2016 10:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба нафъи шаҳрванди Тоҷикистон

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Маскавро ба пардохти 10 ҳазор евро ҳамчун товони зарар ба як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамсараш маҳкум кард.

Ҳукумати Русия Тӯйчӣ Ҷӯраев, шаҳрванди Тоҷикистонро дар моҳи майи соли 2013 ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ аз вуруд ба Русия манъ карда буд. Ин дар ҳолест, ки ҳамсари Ҷӯраев, шаҳрванди Русия ва сокини вилояти Перми ин кишвар будааст.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо эълом кардааст, ки Русия бояд барои эҷоди мамнӯияти бедалел дар робита ба вуруди Ҷӯраев ва нақзи ҳуқуқ шахсию оилавии ӯ товон бипардозад.