Коҳиши мизони худкушӣ дар Тоҷикистон
Мизони худкушӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс,раиси Кумитаи умӯри занону хонаводаи Тоҷикистон гуфт : Дар 6 моҳи аввали имсол 224 маврид худкушӣ ва ё иқдом ба худкушӣ дар кишвар сабт шудааст .
Қурбонзода афзуд ин теъдод нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабли 55 маврид камтар аст .
Вай ҳамчунин гуфт аз ин теъдод дар 108 маврид худкушии занон будааст, ки ин мизон дар 6 моҳи соли қабл 129 маврид буд .
Раиси Кумитаи умӯри занону хонаводаи Тоҷикистон ҳамчунин теъдоди худкушии духтарони зери сини қонуниро 23 маврид эълом кард .
Қурбонзода идома дод ба гуфтаи мақомоти вазорати умӯри дохилаи Тоҷикистон соли гузашта 518 маврид худкушӣ ва иқдом ба худкушӣ дар кишвар сабт шуд.
Вай далоили аслии худкуширо хушунати хонагӣ,муҳоҷирати тӯлонии шавҳару падар ва вазъияти душвори иқтисодӣ донист.