Август 05, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз тамомияти арзии Чин

Тоҷикистон ҳимояти худро аз тамомияти арзии Чин ва сиёсати «Чини воҳид» эълом кард.

Амрикоиҳо ба тозагӣ иқдомоти таҳрикомези худ дар ҷиҳати ҷудоии Тайван аз Чинро ташдид кардаанд. Сафари Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба ин ҷазира дар рӯзи сешанбе вокуниши тунди чиниҳоро ба дунбол дошт.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, сиёсати Душанбе дар мавриди Тайван бидуни тағйир боқӣ мемонад ва ин кишвар мутааҳҳид ба сиёсати «Чини воҳид» аст.

Дар ин баёния таъкид шудааст: «Тоҷикистон аз тамомияти арзии Чин мутобиқ бо меъёрҳову усули шинохташудаи ҷаҳонии ҳуқуқи байналмилал ҳимоят мекунад ва Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таҳаввулоти минтақаро бо диққат дунбол мекунад».

Дастгоҳи дипломатии Тоҷикистон афзуд, Душанбе давлати Ҷумҳурии халқи Чинро танҳо давлати қонунӣ ва намояндаи Чини воҳид медонад.

Сафари Пелоси ба минтақа ҳошияҳои бисёре ба ҳамроҳ дошт. Ҳамзамон бо сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико чандин ҷангандаи чинӣ бар фарози тангаи Тайван парвоз карданд.

 

Барчасп