Тоҷикистон Толирбонро ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кард
-
Воҳидзода аз таҳти тақиб қарор додани 77 нафар шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод
Мудири ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон эълом кард, дар як соли пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон қочоқи маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Ҳабибуллоҳи Воҳидзода дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт, ки тайи як соли ахир дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 3 тонн маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст дар ҳоле, ки дар соли 2021 танҳо ҳазору 185 килло анвоъи маводи мухаддир дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон кашф ва забт шуда буд.
Вай, ки таъкид кард Толибон ба ваъдаи худ мабни бар мубориза бо қочоқи маводи мухадир дар Афғонистон пойбандие нишон намедиҳад.
Ҳабибуллоҳи Воҳидзода аз таҳти тақиб қарор додани 77 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба иттҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар дод, ки бо мусоидати ожонси федероли мубориза бо маводи мухаддири Русия 4 нафар аз ин афрод боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.